Суғд: Нақшаи андозҳои давлатӣ 103,5 фоиз таъмин гардид
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар нўҳ моҳи соли равон нақшаи андозҳои давлатӣ 103,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 981,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 32,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли гузашта 135,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа, ки 9 октябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳалии вилоят ба ҷои 882,1 млн. сомонӣ 911,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 3,4 фоиз ё ин ки 29,7 млн. сомонӣ зиёд аст.
Дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 864,3 млн. сомониро ташкил дода, бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки дорои хусусияти иҷтимоӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш беш аз 698,7 млн. сомонӣ маблағҳо равона шуданд, ки 81 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил медиҳад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






