Таҷлили Рўзи забони давлатӣ дар Вазорати саноат
Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бахшида ба Рўзи забони давлатӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Ба иттилои котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, вазир Шавкат Бобозода ҳозиринро бо Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад. Таърихи забони мо чандин навъи хату алифбо ва таълифи осори бесобиқаю беҳамто дорад. Ин моро водор месозад, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллиро ба наслҳои имрўзу фардои миллатамон муаррифӣ намоем.
Инчунин дар ҷамъомад оид ба татбиқи қонуни забон кормандони вазорат андешаҳои худро баён намуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






