Тақвияти ҳамкории тиҷоратӣ миёни Бошқирдистон ва Тоҷикистон

Октябрь 3, 2015 06:12

Душанбе, 03.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-5 октябри соли 2015 дар толори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ва гуфтушунид байни соҳибкорони Бошқирдистон ва Тоҷикистон барпо мешавад.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ мустаҳкам намудани ҳамкории судманди тиҷоратӣ дар миёни ду кишвар, ҷалби сармоя,  дарёфти шарикони нав ва муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар доданд

Октябрь 3, 2015 06:12

Хабарҳои дигари ин бахш