Табрикоти Cарвари давлат ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Октябрь 4, 2015 06:52

Ҳамватанони азиз!

Дар кишвари маҳбубамон ҳар сол рӯзи 5 — уми октябр Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ ва дӯстдорони забони ноби тоҷикиро табрик гуфта, барои ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.

Ҳоло барои рушду инкишофи забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва тамоми асноди қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ таҳия мегарданд ва рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсиву таълимӣ, оммавию бадеӣ ба забони давлатӣ ба нашр мерасанд.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст.

Дар натиҷа ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Ба ин мақсад мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карда, ҷиҳати татбиқи он ва назорати иҷрои муқаррароти қонун дар сохтори Ҳукумат мақоми ваколатдорро таъсис додем, ки вазифаи он ҳамчунин тарғибу ташвиқи забони давлатӣ ва рушди минбаъдаи он мебошад.

Дар ин давра қабул гардидани Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи босуботи забони миллиамон заминаи хуб фароҳам оварда, дар таҳкими пояҳои асосии рушди забони давлатӣ ҳамчун омили муҳимми пойдории миллат ва давлатдории миллӣ, инчунин устувор намудани меъёрҳои таърихиву адабии он мусоидат намуд.

Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ нерӯи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.

Мо бояд талош намоем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта, асолати худро ҳифз ва ба халқи азизамон хизмат намояд.

Забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандӯст мебошад.

Арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он шароит фароҳам месозад, ки балоғат ва фасоҳати забон густариш ёбад, сохтори он такмил гардад ва қонунмандии рушди забони давлатӣ тақвият ёфта, инкишофи бонизоми он таъмин карда шавад.

Хотирнишон месозам, ки забони давлатӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ хизмат намуда, яке аз рукнҳои бунёдии худогоҳиву худшиносии миллӣ ба шумор меравад.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки аҳаммияти забони давлатиро дар миёни кӯдакон ва наврасону ҷавонон тарғиб намоем ва онҳоро бо нозукиҳои забон шинос намуда, сарвати маънавии халқи фарҳангпарвар будани онро ҳамаҷониба шарҳ диҳем.

Зеро тафаккури миллии ҳар як шахс тавассути забони миллиаш рушд меёбад.

Дар шароити муосир забони тоҷикӣ инчунин хусусияти баҳаморӣ ва ваҳдатофарӣ дошта, дар таҳкими тафаккури миллӣ ва ғояи ваҳдати миллӣ нақши барҷаста дорад.

Боиси хушҳолии зиёд аст, ки имрӯз бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтан дар сартосари Тоҷикистони азиз ба ҳукми анъана даромада, мардум, бахусус наврасон ва ҷавонон кӯшиш карда истодаанд, ки қонунмандии меъёрҳои забони адабиро ба инобат гирифта, сухангӯю сухандон бошанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо бо як меҳру муҳаббати хоса, бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доранд, кӯшиш менамоянд меъёрҳои забони адабиро риоя карда, бо забони фасеҳу шоиронаи тоҷикӣ озодона ҳарф зананд ва фикру андешаҳои худро бо ин забони гӯшнавоз ва гуворову дилкаш озодона, равшану возеҳ баён созанд.

Чунин эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки наслҳои оянда барои ҳифзу нигаҳбонии ин муқаддасоти миллиамон талош варзида, онро ба сифати меҳри модар қадрдонӣ хоҳанд кард.

Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон сайъу кӯшиши зиёд менамоянд.

Дар ду даҳсолаи охир дар мамлакат як қатор донишномаҳо, луғатномаҳо ва фарҳангҳои дузабонаву сезабона интишор шуданд, ки онҳо бо забони меъёр ва риояи қоидаҳои таркиби дохилии забони адабии тоҷикӣ чоп шуда, барои боз ҳам васеъ тарғиб кардани забони давлатӣ замина фароҳам оварданд.

Мо бояд минбаъд низ ба масъалаи рушди меъёрҳои забони давлатиамон эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем ва ба ин хотир мутахассисони забоншиносу суханшиносро зарур аст, ки ҷиҳати такмил додани қоидаҳои забони тоҷикӣ, риояи асолати меъёрии он тадбирҳои судманд андешанд ва дар тарғибу ташвиқи ин забони хушоҳанги рӯҳнавоз ҳиссаи ватандӯстона гузоранд.

Зеро забони тоҷикӣ асоси муҳимтарини ҳофизаи таърихии халқамон ба шумор рафта, забони тамаддун ва пояи тафаккури миллӣ ба шумор меравад.

Ин арзиши миллиро нигаҳдорӣ кардан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва ватандӯсту ватандори Тоҷикистони маҳбубамон буда, бовар дорам, ки барои беолоишу бегазанд ҳифз кардан ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин забони гуворо ҳама якҷоя ҷаҳд менамоем ва рушди устувори онро таъмин мегардонем.

Бори дигар ҷашни Рӯзи забони давлатӣ ба ҳамаи ҳамватанони азизамон ва дӯстдорони калому сухани ноби шоиронаи тоҷикӣ муборак бошад!

Октябрь 4, 2015 06:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд