Талаби ваколатдори назди президенти Русия
Душанбе, 19.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ваколатдори назди президенти Русия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак Павел Астахов аз ВКД ва Прокурори генералии ФР хоҳиш намуд, ки вазъияти фавти писарбачаи 5 — моҳаи тоҷикистонӣ дар беморхонаи Санкт — Петербургро муфассал тафтиш намоянд, хабар медиҳад РИА Новости.
Мувофиқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, 13 октябр кормандони Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати ноҳияи Адмиралтействои Петербург ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои вайрон намудани қоидаҳои қонуни муҳоҷират ҳамроҳи писарашон дастгир намуда, ба шуъбаи пулис бурданд.
Тибқи маълумоти ҳукуматдорони Тоҷикистон, дар идораи пулис кӯдакро аз дасти модараш гирифтанд. Баъди содир шудани қарор дар бораи ихроҷи маъмурии шаҳрвандон, модари писар барои гирифтани фарзандаш ба шуъбаи милиса омад, вале дар куҷо будани кӯдакро ба вай хабар надоданд. Субҳи 14 октябр маълум шуд, ки кӯдак фавтидааст.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, кормандони идораи пулис рӯзи 13 октябр писарбачаро ба беморхонаи кӯдакона бурда будаанд. Тавре ки гуфта мешавад, сабаби фавти ӯ беморӣ будааст. Аз рӯи ин қазия тафтишоти иловагӣ гузаронида, сипас рафтори табибони беморхона, хадамоти дигар, ҳамчунин волидайни кӯдак арзёбӣ мегардад.
ВКХ Русия дар навбати худ нисбати вафоти писарбача изҳори тасаллият карда, хабар дод, ки барои маълум намудани ҳамаи вазъият ба ВКД, Хадамоти федералии муҳоҷират, Вазорати тандурустӣ ва Прокуратураи генералии Русия дархостҳои дахлдор ирсол мешаванд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






