Таркиши мудҳиш дар пойтахти Афғонистон

Октябрь 11, 2015 15:10

Душанбе, 11.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Соатҳои 9:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар пойтахти Афғонистон-шаҳри Кобул таркиши мудҳиш рух дод. Дар ин бора Агентии иттилоотии «Пажвок» хабар медиҳад.
Ҷангии худкуш дар мошини бо таҷҳизоти тарканда муҷаҳҳаз ба корвони мошинҳои неруҳои хориҷӣ ҳамла кард. Дар натиҷа 2 воситаи нақлиёти НАТО зарар дид.
Сардори полиси пойтахт Абдураҳмон Раҳимӣ иттилоъ дод, ки бар асари ин таркиш 3 нафар аҳолии осоишта ҷароҳат бардоштааст. Хизматчиёни неруҳои хориҷӣ зарар надидаанд.
Масъулияти ин ҳамларо ҷангиёни ҳаракати «Толибон» бар дӯш гирифтанд.

Октябрь 11, 2015 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад