Ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон дар шароити муосир

Октябрь 2, 2015 11:01

Душанбе, 02.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Тарбияи наcли наврас дар рўҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсии онҳо имрўз ба проблемаи муҳим табдил ёфтааст, зеро дар ҷаҳони муосир гурўҳҳо ва созмонҳои мухталифе ҳастанд, ки махсусан ҷавонҳои аз ҷиҳати сиёсӣ ноогоҳ ва ба камол нарасидаи кишварҳои гуногунро барои ҳадафҳои муғризонаи сиёсӣ ва геополитикии худ истифода мебаранд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар мулоқот бо сокинони шаҳри Турсунзода иброз дошт, дар шароити имрӯза мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон бояд хеле ҳушёру зирак бошанд ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузоранд. «Хусусан фарзандони худ ва ҷавононро аз ҳар гуна қонуншиканӣ ва пайвастан ба ҳаракату гурўҳҳои ифротгарову террористӣ, ки ваҳшонияти асримиёнагии онҳо имрӯз аҳли башарро ба даҳшат андохтааст, эмин нигоҳ дорем».
Албатта, дар чунин шароит ҳар як ҷавони тоҷик низ вазифадор аст, ки зиракии баланди сиёсиро аз даст надода, худро ҳаматарафа обутоб диҳад, яъне ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш омода бошад. Ватан — модарро сидқан дӯст доштан бояд дар дилу нияту андешаи ҷавонон амиқ маъво гирад, зеро Ватан барои ҳар як инсон мафҳуми  муқаддас маҳсуб мешавад.
Пўшида нест, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар солҳои 90-уми асри XX мафкураи ҷавонони моро заҳролуд карда, дар кишвари мо ҷанги таҳмилиро роҳандозӣ карданд, ки миллати тоҷик оқибатҳои ин ҷангро бо душвориҳо ва хунрезиҳои зиёд паси cap кард. Ба бахти миллати мо,  Роҳбари оқилу дурандеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу салоҳро дар кишвар устувор гардонид. 
Аммо рўйдодҳои охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъзе гурӯҳҳо ва ашхоси бадхоҳ ва тамаъҷӯ ҳанӯз қасди халадор кардани суботу амнияти кишварро доранд. 
Сохторҳои қудратии кишварамон  бо вафодорӣ ва садоқати беандоза ба халқу ватан  садди роҳи  чунин неруҳои ифротӣ гашта, нагузоштанд, ки онҳо ба нияти нопоки худ расанд. 
Мо ҷавонон бояд Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот  ва истиқлолияти кишварро ҳамаҷониба  қадр кунем  ва  ба он  арҷ  гузорем. 
Мо вазифадорем, ки ҷавононро дар руҳияи садоқат ба ватану миллат ва худогоҳӣ тарбия намоем, зеро чунин амалҳои ифротгароёна ва харобиовар дар оѓози асри ХХ1 дар ҷаҳони муосир рў  ба афзоиш  овардааст ва баъзе гурӯҳҳои бунёдгаро бо ҳар гуна усулҳо мехоҳанд ҷавонони сабукфикру ноогоҳро ба худ ҷалб намоянд. Имрӯз дар шароити тараққиёти босуръати илму техника, бе дониши мукаммалу пайваста ҳал  кардани проблемаҳои рӯзмарра имконнопазир аст. Яъне, мо ҷавонон бояд на танҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ худро ба ҳалли чунин мушкилот омода созем, балки техникаву технологияи навтарини дунёро  низ омӯзем  ва  дар  ҳаёт  татбиқ  карда  тавонем.
Тарбияи захираҳои зеҳнии оянда ба шуурнокии дуруст ва таъмини шароити мусоид вобастагии калон дорад. Мутаассифона, имрӯз ҷавононеро вомехӯрем, ки умри бисёр азизу ширини хешро сарфи корҳои беҳуда намуда, аз омӯзиши илмҳои зарурии замона дур мемонанд. Аз ҷумла, онҳо ба роҳҳои нодуруст рафта, дар ҷомеа ҳамчун афроди зараррасон низ ном мебароранд. Албатта, дар тарбияи онҳо дар давраи наврасиашон камбудиҳои ҳам падару модар, ҳам омӯзгорон ва умуман кулли  ҷомеа мавҷуд аст. Ман гумон мекунам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бисёр зарурӣ ва сари вақт қабул гардидааст. Ин қонун имконият медиҳад, ки дар тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама падару модарон саҳми муносиб гузоранд. Албатта, дар тарбияи ҷавонон нақши шуъбаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ хеле калон аст. Ин ташкилоти бонуфуз бо гузаронидани силсилаи чорабиниҳо дар  тарбияи  ҷавонон саҳми  шоиста  дорад.   Махсусан, дар рӯзҳои таҷлили ҳафтаи ҷавонон ҳамасола дар моҳи май чорабиниҳои хотирмон баргузор мегарданд. Ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил кардани Рўзи ҷавонон  шаҳодати  ѓамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони  кишвар мебошад. 
Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд ва мо аз насли ояндасози кишвар  умеди калон дорем. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон аст. Боиси ифтихор аст, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад. Дар ин раванди созандаву неки иҷтимоӣ ҷавонон бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз наслҳои дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд ва бо такя ба хираду таҷрибаи ниёгони сарбаландамон асри тиллоии миллати хешро бори дигар эҳё намоянд. Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи  он  дар  қатори  кишварҳои  мутараққӣ  сафарбар  менамоянд.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир намуда истодааст. Институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷавонон мебошад. Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо вазъи қонунвайронкунӣ дар байни ҷавонон, махсусан ноболиғон ташвишовар аст. Яке аз омилҳои асосии ба кирдорҳои номатлуб даст задани ҷавонон сатҳи пасти тарбияи ҳуқуқӣ дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки: «фарзанд азиз — одобаш аз вай азизтар аст». Равандҳои пуртазоди вақтҳои охир низ тақозо менамоянд, ки масъулияти омӯзгор, падару модар, махсусан хизматчиёну мансабдорони давлатӣ ва соҳибкорон барои рафторҳои ношоиста ва қонунвайронкунӣ аз тарафи фарзандонашон баланд бардошта шавад. Бо ин мақсад Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Вале, мутаассифона, ҷараёни иҷрои қонуни мазкур ҷомеаро пурра қаноатманд карда наметавонад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модарон бояд наслеро тарбия карда ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ      ба ниёзмандиҳо ва талаботи  ҷаҳони муосир мувофиқ бошад. 
Ҷаҳду талошҳои Президенти кишвар, муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон барои ободиву шукуфоии Ватан ва таҳкими Ваҳдати миллӣ барои  ҷавонон як манбаи боэътимоди азму ғайрат аст. Ҷавонон бояд аз ҳамаи  имкониятҳо самаранок ва оқилона истифода баранд ва барои дар оянда боз ҳам ободу зебо  шудани  Тоҷикистони  азиз  саҳм  гузоранд. 
Пас, барои тарбияи насли нави созанда ва фарогири донишу малакаҳои  навтарини илму техникаи муосир бояд  тамоми ҷомеа саҳм гузорад ва ҷавонони баору номус ва ояндасози кишвари мо бояд  дар  сафи  пеши  ин  раванд  қарор  дошта  бошанд. 
Омилҳои мазкур барои баланд шудани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷавонон дар шароити имрўзаи ҷумҳурӣ бевосита кумак хоҳанд кард. 

         Ҳикматулло Хоҷаев,
         коршиноси  Маркази 
         тадқиқоти  стратегии                     
     назди Президенти ҶТ

Октябрь 2, 2015 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Сергей Лебедев: «Қазоқистон аввалин мизбони Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад»
Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шинос шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН. Наврасони Душанбе худро ситораи футбол эҳсос карданд
Имрӯз дар дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар баъзе аз хоҷагиҳои таҷрибавии шаҳри Ҳисор риоя нагардидани қоидаҳои агротехникаи парвариш мушоҳида мегардад