Ташкили марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар назди мактабҳои Бадахшон
Хоруғ, 26.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Дар қаламрави ВМКБ 21 маркази рушди барвақтии кӯдакон фаъолият доранд. 191 адад чунин маркази рушди барвақтии кудакон дар назди мактабҳо дар деҳоти дурдаст ташкил гардидаанд. Ин марказҳо махсусан барои кӯдакони вилояти Бадахшон ташкил гардидаанд ва кӯдакони аз якуним то шашсоларо тибқи гурӯҳҳо дар бар мегиранд. Дар онҳо дар баробари бозиҳои гуногуни синнусолӣ, асосан забони давлатӣ ёд дода мешавад. Ҳадаф аз ташкили чунин марказҳо омода намудани атфоли ВМКБ ба макотиб мебошад, зеро то синни мактабӣ расидан кӯдакони вилоят бо забони давлатӣ шинос набуда, дар хона бо забони модарӣ сухан мегӯянд ва ин забонҳо дар Бадахшон дар ҳар минтақа ҳар гуна ҳастанд», — иброз дошт муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиниссо Маҳмадова. Бо иштироки номбурда ва муаллифони китобҳои дарсӣ, олимону профессорон ва дигар мутахассисони соҳаи маориф тайи шаш рӯз дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, бо омӯзгорони ботаҷриба мулоқот доир гардид . Бобизода Ғуломқодир — президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳадафи мулоқот ба инобат гирифтани эроду пешниҳодоти омӯзгорони пешқадам бобати муҳтавои китобҳои таълимӣ ва дигар мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа дар вилоят мебошад.
Шаҳрванд Мунир Ҳабиб, ки дар вохӯрии фаъолони ВМКБ бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бобати душворфаҳм будани китобҳои дарсӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо норозигӣ баён дошт, дар вохӯрӣ изҳор дошт, ки калимаҳои нави ба китобҳои дарсӣ дохилшуда бояд дар зер, дар луғат шарҳгузорӣ шаванд, то барои толибилмон фаҳмо бошанд. Мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифони китобҳои дарсӣ ба саволҳо ҷавобҳои саҳеҳ дода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиниссо Маҳмадова ҳамзамон зикр дошт, ки тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми кишвар ба стандартҳои таълимии давлатӣ ва стандартҳои таълимии фаннӣ тағйирот ворид шудаанд. Стандартҳои таълимии фаннӣ барои синфҳои ибтидои пешкашгардида дар 500 мактаби мамлакат мавриди таҷриба қарор доранд .
Эраҷ Ҷонмирзоев, устоди филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ гуфт, ки дар вохӯрӣ бо омӯзгорони пешқадам қариб 300 таклифу пешниҳод баён гардид, ки бештарашон қобили қабул ҳастанд.








Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов






