Таъсиси гурӯҳи роҳбаладони ҷавон дар Ҳисор
Душанбе, 26.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш бо иштироки роҳбарияти муассисаҳои олии таълимӣ, субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм оид ба масъалаҳои рушди самараноки фаъолияти туристӣ дар Қалъаи Ҳисор семинари омўзишӣ доир гардид.
Семинари мазкур бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳошияи баргузории 3000-солагии ноҳияи Ҳисор бо мақсади иҷрои босамари Нақшаи чорабиниҳо оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 гузаронида шудааст.
Дар ин замина барои хизматрасонӣ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар Қалъаи Ҳисор аз ҳисоби донишҷӯёни риштаи туризми Донишгоҳи тиҷорат ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон гурӯҳи роҳбаладони ҷавон иборат аз 20 нафар, ки бо забонҳои хориҷӣ озодона суҳбат мекунанд, таъсис дода шуд.
Ҳадаф аз чорабинии мазкур- ин андешидани тадбирҳои судманд барои тарғибу ташвиқи захираҳои туристии Тоҷикистон, инчунин ҷалб намудани ҷавонон ба соҳаи туризм ва омодасозии кадрҳои соҳаи туризм, алалхусус роҳбаладҳо дар макотиби сатҳи олӣ мебошад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






