Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ миёни занон бузург аст
«Соҳибкорону сармоягузорон қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва неруи созандаву ободкори Ватанамон мебошанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Нақши занон дар таким ва рушди ҷомеа ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Бинобар ин Тоҷикистон дар масъалаи дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо манфиатдор буда, пайгирона кўшиш менамояд, ки ин неруи бузургро барои рушди устувори кишвар ва корҳои ободониву созандагӣ пурра истифода барад.
Роҳбарияти олии сиёсии кишвар барои муҳайё намудани заминаҳои устувори меъёрию ҳуқуқӣ дар самти таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон афзалият медиҳад.
Таваҷҷуҳи хоссаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва хусусан рушди соҳибкорӣ миёни занон ниҳоят бузург аст.
Тавассути чунин дастгириҳо мақоми занон дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар ҳамаҷониба меафзояд. Бо назардошти фаъолияти пурсамари занони соҳибкор дар мамлакат тадбирҳои иловагии дастгирии онҳо давра ба давра амалӣ гардида истодаанд.
Боиси ёдоварист, ки ба хотири заҳматҳои кашидаи соҳибкорон дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилона соли гузашта зимни мулоқоти Сарвари давлат бо соҳибкорону сармоягузорон 14 — уми октябр дар мамлакат Рӯзи соҳибкорон эълон шуда, ба қонунгузории кишвар “Оид ба рўзҳои ид” тағйирот ворид шуд.
Занон бешак ҳамеша сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург ва чароғи пурфурўғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят будаанд.
Рушди фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ миёни занон аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро фаъолияти босуботи соҳибкорӣ кафили боэътимоди рушди иқтисодӣ ва ғанӣ гардидани буҷети давлат аст.
Бояд тазаккур дод, ки рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии аҳолӣ низ мусоидат намуда, дар натиҷа ин нишондиҳанда дар соли 2014 то 32% паст карда шуд. Ҳамаи ин комёбиҳо, аз ҷумла тавассути саҳми арзандаи занони соҳибкор ба даст омадаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар давоми ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба 96 ташкилоти ҷамъиятие, ки таҳти роҳбарии занон фаъолият мекунанд ва 170 бонуи соҳибкор ба маблағи 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Ҳамзамон ҷиҳати дастгирии соҳибкории бонувон танҳо дар давоми панҷ соли охир аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба занони соҳибкор тақрибан дуюним миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






