Темурмалик: Ҳалокати ронанда дар садамаи нақлиётӣ

Октябрь 23, 2015 05:09

Душанбе, 23.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 22 октябри соли равон  ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 34-солаи ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳраки Совети ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори чапи роҳ бархӯрдааст. 
Дар натиҷа,  ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 

Октябрь 23, 2015 05:09

Хабарҳои дигари ин бахш