Террористон димнаҳои Палмираро барои қатли мардум истифода намуданд
Душанбе, 27.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Террористони «Давлати исломӣ» димнаҳои шаҳри қадимаи Палмираи Сурияро нест карда, харобазорҳои онро ба макони қатли шахсони норозӣ табдил медиҳанд.
Тавре ки нашрияи Daily Sabah — и Туркия хабар медиҳад, ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар Палмира се нафарро қатл намуданд. Онҳо асиронро ба сутунҳо баста, баъд онҳоро таркониданд. Назар ба иттилои шабакаи телевизионии Аl Arabiya (Ал — Арабия), созмони ҳифзи ҳуқуқи Сурия воқеъ дар Британияи Кабир дар ин бора хабар додааст.
Мувофиқи маълумоти нашрия, ҳалокшудагонро дар шаҳри Палмира ва канорҳои он дастгир намуда буданд. Сабабҳои қатли онҳо аниқ карда намешавад.
Исломгароён моҳи майи соли 2015 шаҳри Палмираро забт намуда, ҳамоно ба нест кардани ёдгориҳои таърихии он шурӯъ карданд. Онҳо, аз ҷумла, қисми зиёди маъбади Белро, ки яке аз ёдгориҳои бузургтарини бостоншиносии ҷаҳон ба шумор мерафт, нест карданд. Террористон кирдорҳои худро ба он маънидод мекунанд, ки маъбадҳоро ҳанӯз пеш аз ба миён омадани ислом бутпарастон сохта буданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






