«Тоҷик Эйр» савияи тахассусии мутахассисонашро баланд бардошт
Душанбе,12.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо мақсади дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштан ва истифодаи самараноки ҳавопаймоҳо, инчунин таъмиру хариди қисмҳои эҳтиётӣ дар зарфи нӯҳ моли соли равон беш аз 10 миллион сомонӣ харҷ намудааст.
Икромҷон Мавлонов-муовини мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» оид ба тиҷорат зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ширкати мазкур гуфт, ки дар ин давра мутахассисони маҷмааи ҳавопаймоию техникӣ савияи тахассусии худро баланд бардошта, 5 муҳандис соҳиби дараҷаи якум, як нафар соҳиби дараҷаи дуюм ва 5 техники ҳавопаймо соҳиби дараҷаи гуногун гардиданд. Ҳамзамон ба 13 мутахассиси маҷмааи ҳавопаймоию техникӣ ҷиҳати анҷом додани хизматрасонии мустақилонаи техникӣ дар ҳавопаймои Ан-28, чархболҳои Ми -172 ва Ми -8 МТВ иҷозат дода шуд. Инчунин 29 нафар донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар «Тоҷик Эйр» таҷриба омӯхтанд.
Таъкид шуд, ки дар ин давра бозомӯзии касбии ҳавонавардон ва омода намудани ҳайати парвозӣ доир гардида, барои ҳавопаймои Боинг 757-200- ду ҳавонаварди дараҷаи дуюм, барои Боинг 737-300 ду сарҳавонавард ( коромӯз), барои ҳавопаймои Ан-28 як сарҳавонавард ва Ми-8 як сарҳавонавард ва се бортмеханик омода шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






