Тоҷикистон ба рушди ҳамшарикии кишварҳо дар доираи ИДМ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд.
Дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Овик Абраамян, Ҷумҳурии Беларус Андрей Кобяков, раиси ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов ва иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев иштирок намуданд. Туркманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар нишаст муовини раиси ҳукумат ва муовинони Сарвазир ва Украинаю Молдоваро сафирони ин кишварҳо дар назди Кумитаи иҷроияи ИДМ намояндагӣ карданд.
Ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар толорҳои барҳавою мунаққаши Муассисаи давлатии «Кохи Наврўз», ки бунёдаш бо тарҳу услуби меъмории миллӣ ва санъати нодиру нақошии муосир асос ёфтааст, доир гардид.
Кори ҷаласа бо маросими аксгирии якҷояи роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ оғоз гардида, сипас дар нишасти доираи маҳдуд ва бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.
Рўзномаи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар ҳайати маҳдуд ва бо иштироки ҳайатҳои васеъ муҳимтарин масъалаҳои ҳамгироии кишварҳои узви Иттиҳодро фаро гирифта, дар маҷмӯъ роҳбарони ҳайатҳо беш аз бист масъалаи марбут ба ҳамкории байни кишварҳои иттиҳодро баррасӣ намуданд ва дар асоси онҳо қарорҳои марбута ба имзо расониданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ дар ҷаласаи васеи ҳайатҳо изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар партави сиёсати созанда ва роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раванди расидан ба ҳадафҳои муҳиму стратегии таъминкунандаи рушди устувори мамлакатро дар сатҳи олӣ нигоҳ дошта, ба рушди ҳамшарикии кишварҳо дар доираи иттиҳод таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов ба роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани кори ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо изҳори сипосу минатдорӣ намуд.
Иштирокчиёни ҷаласа, аз ҷумла нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи 3-юми (2016-20120) «Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020», нақшаи чорабиниҳо бахшида ба солгарди 25-уми тасиси ИДМ, нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2016-2017 оид ба татбиқи «Стратегияи байналмилалии ҳамкории ҷавонони кишварҳои узви ИДМ то соли 2020», нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2016-2018 оид ба татбиқи «Стратегияи рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонии кишварҳои узви ИДМ то соли 2020»-ро тасдиқ карда, феҳристи лоиҳаҳои пилотии байнидавлатии инноватсионии «Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2020»-ро муқаррар намуданд.
Дар ҷаласа самтҳои асосии тақвияти ҳамкорӣ дар самти тиббӣ-иҷтимоӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии собиқадорони ҷанг ва оилаҳои онҳо дар давлатҳои узви ИДМ барои то соли 2020, маҷмӯи чорабиниҳо оид ба инкишоф ва дастгирии ҳамаҷониба дар самти истифодаи гази табиӣ ба ҳайси сўзишворӣ дар автомобил дар қаламрави ИДМ барои то соли 2020 тасдиқ шуданд.
Сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ Созишнома дар бораи шартҳои асосии иҷрои ҳисоббаробаркунии операторҳои байникишварҳо ҳангоми хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ИДМ, протокол оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи эътирофи дуҷонибаи имтиёз ва кафолат барои иштирокчиён ва маҷрўҳони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ҷанг дар ҳудуди дигар кишварҳо ва оилаҳои онҳо аз 15 апрели соли 1994, протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи қоидаҳои пайдоиши мол дар давлатҳои ИДМ аз 20-уми ноябри соли 2009, Протокол дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва хусусияти техногенӣ дошта, аз 22-юми январи 1993-ро ба имзо расонида, аз ҷумла оид ба ташкили созмони байнидавлатӣ доир ба омўзиши мутахассисон дар самти мубориза бар зидди қонунигардонии даромади бо роҳи ҷиноӣ ба даст омада ва сармоягузории терроризм қарор қабул намуданд. Дар кори ҷаласа инчунин як силсила масоили дигари ҳуқуқӣ ва буҷавию молиявӣ дар кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиши сатҳи баланд бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов ва раиси Кумитаи иҷроия -Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев барои намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






