Толибон оқсақоли вилояти Ҷузҷонро қатл карданд
Душанбе, 21.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҷангиёни «Толибон» дар ҳудуди вилояти Ҷузҷони Афғонистон оқсақоли 70 — сола Муҳаммад Аминро, ки қаблан ҳамроҳи писараш рабуда шуда буд, қатл карданд.
Гаравгонон дар вулусволии Давлатободи вилояти Балх асир гирифта шуда буданд. сӯиқасдчиён мошини ҷабрдидагонро нигоҳ дошта, онҳоро бо худ бурда буданд. Баъдан дар вулусволии Манҷиғаки вилояти Ҷузҷон мурофиаи додситони толибон ташкил шуда, дар ҷараёни он дар ҳаққи оқсақол ҳукми қатл бароварда, ӯро тирборон карданд.
Мувофиқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Муҳаммад Амин ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳукуматдорони расмӣ айбдор карда шудааст, вале, аз афташ, ин фақат баҳона аст, зеро шахси халокшуда хеши қумондони ихтиёриёни маҳаллӣ буд.
Сарнавишти писари оқсақоли қатлшуда то ҳол маълум нест. Куҳансолони маҳаллӣ чун пештара умедворанд, ки гуфтшунид бо толибон имкон медиҳад, ки асир озод карда шавад, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Пажвок».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






