Ҳукумати Фаронса маъракаи нави ташвиқотии зидди ДИИШ — ро рӯи кор меорад

Октябрь 8, 2015 04:20

Душанбе, 08.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати  Фаронса маъракаи  нави ташвиқотии  зидди  пайвастани  ҷавонон  ба  сафҳои  созмони террористии  ДИИШ — ро  рӯи  кор  овардааст. Ба  умеди он, ки маъракаи  мазкур бо  иштироки  оилаҳои маҳзун ҷавононро маҷбур  месозад, ки пеш  аз пайвастан  ба ифротиёни  Сурия  фикр  кунанд. Дар  ҳоли ҳозир  беш  аз 500  нафар  тарки Фаронса  карда,  ба «Давлати  исломӣ» ва созмонҳои  дигари  террористӣ  дар  Сурия  ва  Ироқ   ҳамроҳ  шудаанд.  Фаронса  баъзе  маҳдудиятро  вусъат  бахшида,  ҳамчунин  волидайни  ба ташвишомадаро  таскин  медиҳад. 
Агентии  Франс Пресс  хабар  дод, ки  ҳукумат  ҳамчунин маркази ёрии психологӣ  ба шаҳрвандонеро ташкил  карданист, ки нияти  пайвастан ба гурӯҳҳои  ифротгароёнро  доранд. 

 

Октябрь 8, 2015 04:20

Хабарҳои дигари ин бахш