Қумондони толибон ҳамсафашро қатл кард

Октябрь 26, 2015 04:45

Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  ҳудуди  вилояти  шимолу  шарқии Бадахшони  Афғонистон бар  асари  муноқишаи  байни ду  қумондони  толибон яке  аз  силоҳбадастон ҳамсафи  худро  ба  ҳалокат расонид. 
Муноқишаи  байни  қумондонҳои  толибон  дар  вулусволиҳои Кешм  ва  Тагоб  рух дод. Назар  ба  хабари  Агентии иттилоотии  «Хома пресс», сабаби  муноқиша тақсими чизҳои аз  сокинони  маҳаллӣ ғаниматгирифтаи   силоҳбадастон  буд. 
Мувофиқи  маълумоти  ҳукуматдорони  маҳаллӣ, Носир  Ташканӣ  ном қумондони  толибон қумондони  маъруф  ба  Қорӣ Алӣ Кашмиро  ба  қатл  расонид. 

Октябрь 26, 2015 04:45

Хабарҳои дигари ин бахш