Ваҳдату якдилии мардуми шарифи Тоҷикистонро наметавон халалдор кард!
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатӣ муроҷиатнома қабул кардаанд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
Мо, кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи гурӯҳи ҷинояткоронро ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кирдори ноҷавонмардона ва амали террористӣ маҳкум менамоем.
Шикасти хоинони Ватан бори дигар собит сохт, ки имрӯз ваҳдату якдилии мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки таҳти сарварии Президенти маҳбуби худ Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор мегузоранд, ҳеҷ як нохалафе наметавонад халалдор созад.
Имрўз иқтидору тавоноии давлати ҷавони Тоҷикистон, матонати сарбозони шуҷои Ватан ва муҳаббату ихлоси мардуми шарафманди Тоҷикистон ба муқаддасоти миллӣ кофист, ки ҳар як ҷиноятпеша саркўб шавад ва ҳар як фитнаи ангехтаи душманони миллат ба боди фано равад.
Маҳкум гардидани кирдори хоинони миллат аз ҷониби ҷомеа худ гувоҳи он аст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонии худогоҳ сулҳу субот ва якпорчагии кишварро, ки бо талошҳои ҷавонмардонаи Президенти маҳбубамон ба даст омадааст, ҳомӣ аст.
Ҳар як фарди бедордили Тоҷикистон ба ободкорию созандагиҳои азиме, ки дар даврони Истиқлолият дар заминаи сиёсати волои Сарвари давлат ва меҳнати содиқонаю софдилонаи мардуми сарбаланди ин сарзамин ба ҳосил омаданд, баҳои муносиб медиҳад.
Дар баробари ин, воқеаҳои рухдода моро водор месозанд, ки бедорӣ ва зиракии сиёсии худро боз ҳам тақвият бахшем.
Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ изҳор дошта буд, ки Истиқлолият, Ватан, миллат, ваҳдати миллӣ ва оромиву осудагии ҷомеа муқаддастарин арзишҳое мебошанд, ки ягон ҳизб, гурўҳ ё шахсе ҳаққи халалдор кардани онҳоро надорад. Хизматчиёни давлатӣ бояд дар роҳи ҳифзи ин муқаддасоти миллӣ сипари сафи пеш бошанд.
Халқи тамаддунофари тоҷик ва ҳар як тоҷикистонӣ бояд пайваста аз ҳусни муошират, одобу эҳтироми ҳар як хизматчии давлатӣ бархурдор бошад.
Кору пайкор, фаъолияти ҳамарўзаи мо — хизматчиёни давлатӣ, ки ба ҳайси неруи бузургу пешбаранда ва таҳкимбахши давлату давлатдорӣ дар татбиқи ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти асосиро ба зимма дорем, бояд барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон намунаи олии меҳанпарастӣ, созандагӣ ва фидокорию садоқат ба Ват ан бошад.
Риояи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар аркони қонунгузорӣ, пайравӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби мунтазами он бояд ба сарчашмаи фаъолияти ҳамарўзаи хизматчиёни давлатӣ табдил ёбад.
Бинобар ин, мо — хизматчиёни давлатӣ татбиқи ҳамкории созанда бо ҷомеаро асоси кори худ шуморида, дар шароити пуртазоду вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва хавфи ҳуҷумҳои иттилоотӣ мекўшем пуле миёни давлат ва ҷомеа бошем, робитаи худро бо аҳолӣ боз ҳам тақвият бахшем, набзи замон ва ҷомеаро сари вақт эҳсос намоем ва барои ҳифзи истиқлолияту якпорчагии ин сарзамин, таҳкими ваҳдату якдилӣ аз ин бештар пешкору таъсиргузор бошем.
Ҳамзамон дар марҳилаи имрўзаи такомули давлати соҳибистиқлоламон мо ба ҳайси тарғибгарони асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ аз таъсири манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ, тарбияи эҳсоси ифтихор аз ватану ватандорӣ, фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллӣ, нигоҳдории асолати миллӣ, пешгирии тақлиди фарҳанг ва либоси бегона, инчунин ҷалби афроди ноогоҳ ба гурўҳҳои ифротгарову террористӣ бояд аз ин бештар ҳисса гузорем.
Хизмати давлатӣ ин хизмат ба Ватан ва Миллат аст.
Аз ин рў, мо- хизматчиёни давлатӣ дар партави сиёсати созандаи Президенти кишвар баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии ин сарзамин, ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, пешрафту шукуфоии Ватани азиз ва рўзгори осудаю зиндагии шоистаи ҳар як хонаводаи Тоҷикистон бо дасту дилу нияти пок хизмати содиқона мекунем, то нақшаҳои ҳар нохалафе, ки оромию осоиштагии ин кишвари биҳиштосоро халалдор сохтанист, барбод раванд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






