Вохӯриҳои гурӯҳи «Пешоҳанг» бо ҳамватанон
Душанбе, 12.10.15. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикору дастгирии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро гурӯҳи «Пешоҳанг» — и ҷавонон аз Федератсияи Русия боздид намуд. Дар шаҳри Маскав гурӯҳи мазкурро ҳайати расмии Сафорати ҶТ дар ФР истиқбол намуда, баъди он машварати муштарак баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масоили тарғиби пояҳои давлатдорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва масоили дигари мулоқоти пешорӯ бо ҳамватанон, ҷамоаи тоҷикон ва ҷавонони тоҷик дар Федератсияи Русия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аъзои гурӯҳи «Пешоҳанг» бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо роҳбари созмони ҷамъиятии «Тоҷикистон» Гавҳар Ҷӯраева ва раиси «Ҷунбиши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарифов вохӯрданд.
Боздиди гурӯҳи «Пешоҳанг» аз шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия идома дорад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






