Вохӯрии ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -10 октябри соли 2015 бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР чанд мулоқоти ҷавонони фаъоли гурӯҳи Пешоҳанг бо роҳбарияти ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни ФР ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик доир шуд.
Бояд гуфт, ки ба гурӯҳи ҷавонони фаъол намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, донишҷӯён ва кормандони ВАО-и Тоҷикистон шомил буда, аз тарафи Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва хусусан пешгирӣ намудани паҳншавии ақидаҳои бегона, аз қабили ифротгароиву радикалӣ миёни муҳоҷирони ҷавон ба ФР сафарбар шудаанд. 10 октябри соли 2015 дар бинои Меҳмонхонаи ҳукуматии Тоҷикистан дар шаҳри Маскав бо мусоидати намояндагӣ вохӯрии ҷавонони фаъол бо роҳбари ташкилоти Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева доир шуд. Дар рафти мулоқот масоили вобаста ба вазъи муҳоҷират, проблемаву мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ҳолатҳои ба гуруҳҳои ифротгаро ва радикалӣ пайватани бархе аз муҳоҷирони ҷавон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Намояндагӣ вохӯрии намояндагони гурӯҳи Пешоҳанг-ро бо муҳоҷирони тоҷик дар бозору марказҳои савдои Садовод ва Люблино -и шаҳри Маскав баргузор намуд. Дар мулоқот, ки бештар аз 300 ҷавони муҳоҷир ширкат намуданд, дар баробари масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷират масоили пешгирӣ намудани гароиши ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои ифротию радикалӣ баррасӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳои гурӯҳи Пешоҳанг дар вилояти Твер, Краснодар ва дигар минтақаҳо низ бо донишҷӯён ва ҷавонони муҳоҷири тоҷик ба назар гирифта шудаанд.
Масъалаи пешгирӣ намудани пайвастшавии муҳоҷирони ҷавон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову радикалӣ дар ҳудуди ФР дар маркази таваҷҷуҳи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират қарор дорад. Азбаски қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҷавонон ташкил менамоянд, аз ҷониби намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар манотиқи гуногуни Федератсияи Русия дар 9 моҳи соли равон бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус ҷавонони тоҷик 68 мулоқот гузаронида шуд, ки дар он оқибатҳои ногувори пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, таъсири ин падидаи номатлуб ба раванди муҳоҷират дар кишвари қабулкунанда ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳамин мавзӯъ баррасӣ гардиданд.
Дар ин бора котиби матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






