Вохурӣ бо соҳибкорон дар Вазорати маориф ва илм
Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» 9 октябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид. Дар он муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовини вазир Фатҳиддин Исмонов, сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Икромҷон Донахонов, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Абдуҷаббор Алиев, сардори раёсати рушди соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Ҳабибов, сардори раёсати ташкили назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Ашурмад Олимов ва беш аз 30 соҳибкор, ки дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд, ширкат доштанд.
Иштирокдорон вобаста ба нақши муассисаҳои таълимии хусусӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети давлат, дастгирии рушди бахши хусусӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии хусусии шаҳри Душанбе ва оид ба фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи маориф ибрози андеша намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






