Занони соҳибкор дар рушди бахши сохтмонӣ саҳм мегузоранд

Октябрь 13, 2015 12:13

Душанбе, 13.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Хабарнигори АМИТ Ховар дар арафаи баргузории Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 бо директори генералии ширкати сохтмонии Риэл-Д Сурайё Уроқова суҳбат кард. Зимни мусоҳиба Сурайё Уроқова изҳор кард, ки ширкати Риэл-Д соли 2005 ҳамчун субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, асосан дар самти сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна фаъолият мекунад. Дар муддати фаъолияти худ ширкати Риэл-Д  аллакай чор лоиҳаи мукаммалро бо сохтмони хонаҳои истиқоматӣ муваффақона амалӣ намудааст. Ҳоло ширкат бинои истиқоматии 14-ошёнаро дар маҳаллаи Зарнисори Душанбе бунёд намуда, ният дорад рӯзҳои наздик онро ба истифода диҳад.
Сурайё Уроқова мегӯяд, ки асоси ҳама гуна ташаккул, аз ҷумла, ташаккули иқтисоди бозоргонӣ аз ҳамбастагии мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ сарчашма мегирад: Мо, соҳибкорон як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошем. Бо ташаббуси Сарвари давлат эълон шудани Рӯзи соҳибкор ва дар доираи таҷлили нахустин солгарди ин сана баргузор шудани Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015, албатта, боиси хурсандии мо, соҳибкорон мебошад, зеро тавре ки медонем, рӯзи табибон, рӯзи муаллимон, иди касбии намояндагони касбу кори гуногун ҷашн гирифта мешавад, аммо то ин рӯз иди касбии соҳибкорон ба таври расмӣ мавҷуд набуд. Хусусан, бо назардошти он ки дар рушди саноату сохтмони миллӣ ва тиҷорату бозаргонӣ саҳми соҳибкорони ватанӣ рӯз то рӯз, сол то сол бештару беҳтар шуда истодааст, таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба соҳибкорон нишонаи арҷ гузоштан ба соҳибкорони кишвар мебошад.
Оид ба фаъолияти ширкати Риэл-Д Сурайё Уроқова изҳор кард, ки дар ҷараёни сохтмон онҳо аз маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ истифода мебаранд, ки ин омили паст шудани нархи манзили зист барои сокинон мегардад: 10-15 сол пеш маҳсулоти сохтмонӣ аз хориҷа ворид  мешуданд. Хушбахтона, имрӯз тамоми маҳсулоти барои сохтмон зарурӣ аз оҳан гирифта, то ба сементу хишт маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои ватанӣ мебошад. Бо итминон гуфта метавонам, ки сифати ин маҳсулот на кам аз сифати маҳсулоте мебошад, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Маълум аст, ки барои ворид кардани маҳсулоти сохтмонии истеҳсоли хориҷӣ хароҷоти зиёд — сӯзишворӣ, қувваи корӣ, нақлиёти боркашонӣ сарф мешавад. Вале вақте маҳсулот дар Ватан истеҳсол мешавад, нархи ниҳоии он аллакай 25 фоиз аз нархи маҳсулоти хориҷӣ арзон мешавад. Бинобар ин истифодаи маҳсулоти ватанӣ, бешубҳа, нархи хонаҳои истиқоматиро поён мефарорад.
Чанд сол пеш сокинони пойтахт барои дастрасӣ ба хонаҳои истиқоматӣ мушкилӣ доштанд, нархи хонаҳои истиқоматӣ сол то сол боло мерафт. Акнун бо авҷ гирифтани сохтмони хонаҳои баландошёнаи замонавӣ нархи манзили зист аз болоравӣ боздошта шуд ва то андозае поён фаромад. 
Сурайё Уроқова мегӯяд, ки вақте ширкати мо ба бозори сохтмонии хонаҳои истиқоматӣ ворид шуд, пеш аз ҳама умед ба дастгирии давлат доштем ва дар фаъолияти худ мо воқеан ҳам дастгирии ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла, дастгирии раёсати душанбегии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро эҳсос кардем.
Бояд гӯям, ки ягон соҳибкор, бе қарзҳои бонкӣ наметавонад фаъолияти густурда дошта бошад, — зикр кард С.Уроқова ва шарҳ дод: «Вақте соҳибкор ба бозори сохтмон ворид мешавад, аввал сохтмон оғоз мекунад, сипас ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ машғул мешавад, баъдан барои ворид кардани техникаву мошинҳои сохтмонӣ кӯшиш мекунад. Ширкати Риэл-Д дар аввал барои сохтмони хонаҳо маҳсулотро аз хориҷи кишвар дастрас мекард. Ҳоло бо дастгирии ҳукумат ширкати мо сохтмони заводи хиштро ба роҳ мондааст, ки ин корхонаро танҳо ба воситаи қарзҳои имтиёзноку дарозмуддати бонкӣ метавон ба анҷом расонид».
Қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок дар ҳама давру замон ба соҳибкорон имконият медиҳанд, ки онҳо нақшаҳои дар пеши худ гузоштаро муваффақона дар ҳаёт татбиқ кунанд, — чунин хулоса кард андешаҳои худро директори генералии ширкати сохтмонии Риэл-Д  Сурайё Уроқова. 

Октябрь 13, 2015 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст