Зарурати маълумотномаи тиббии №086 барои муҳоҷирони меҳнатӣ

Октябрь 1, 2015 11:52

Душанбе, 1.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба диққати тамоми шаҳрвандон -муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Федератсияи Русия фаъолият мекунанд, уҳдадоранд пеш аз сафар ба ин шаҳрҳо бо худ маълумотномаи тиббии №086 дошта бошанд, зеро бе ҳуҷҷати мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор қабул карда намешаванд. 
Аз ин лиҳоз Хадамоти муҳоҷират аз тамоми шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ  даъват мекунад,  ки пеш аз сафар бо худ маълумотномаи тибии №086  гиранд.
 Риояи қонун ва қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда — ин кафолати ҳифзи иҷтимоӣ ва идомаи фаъолияти босамари муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони ҶТ мебошад. 

 

 

 

Октябрь 1, 2015 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш