Зилзилаи сахт дар Тоҷикистон

Октябрь 26, 2015 09:33

Душанбе, 26.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон тахминан соати 14.09 дақиқаи вақти маҳаллӣ  заминларзаи сахт ба амал омад. Ба иттилои  Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон  маркази зилзила дар  километри 350-уми ҷанубу шарқии шаҳри Душанебе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир будааст. 
Қувваи зилзила дар маркази он 6-7 баллро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 5-6 бал расид. 
Ҳоло дар мавриди талафот ва хисорот маълумот дастрас нест. 

Октябрь 26, 2015 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш