10 000 доллар мукофоти ВКД барои ошкор кардани ҷинояткорон
Душанбе, 09.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкор кардани ҷинояткороне, ки рӯзи 7 ноябри соли равон ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба ҳалокат расониданд, дар ҳаҷми 10 000 доллари ИМА мукофот таъийн кард. Хотиррасон мекунем, ки 7 ноябри соли равон тахминан соати 07.20 шахсони номаълум ҳангоми дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе қарор доштан бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пулод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссариати мазкур Рустам Саъдуллоев муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Дар натиҷа П. Мирзоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Пас аз чанд муддат шаҳрванд Ҳ. Насибов низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Навори видеоии шахсони дар куштор гумонбаршуда пешкаш карда мешавад.
Аз тамоми шаҳрвандоне, ки оид ба ҳодисаи куштор ва шахсияти ҷинояткорони дар он дастдошта маълумот доранд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба мақомоти милитсия бо телефонҳои 02, 102, 221-21-21, 221-15-00.хабар расонанд.
Касе, ки дар бораи гунаҳгорони ин ҷиноят ва ҷои пинҳоншавии онҳо маълумоти дақиқ медиҳад, соҳиби 10 000 доллари амрикоӣ мешавад. Шахсияти нафари маълумотдода пинҳон нигоҳ дошта мешавад.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






