10 000 доллар мукофоти ВКД барои ошкор кардани ҷинояткорон

Ноябрь 9, 2015 04:44

Душанбе, 09.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкор кардани ҷинояткороне, ки рӯзи 7 ноябри соли равон ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба ҳалокат расониданд, дар ҳаҷми 10 000 доллари ИМА  мукофот таъийн кард.    Хотиррасон мекунем, ки  7 ноябри соли равон  тахминан соати 07.20 шахсони номаълум ҳангоми дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе қарор доштан бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пулод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссариати мазкур Рустам Саъдуллоев муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Дар натиҷа П. Мирзоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Пас аз чанд муддат шаҳрванд Ҳ. Насибов низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Навори видеоии шахсони дар куштор гумонбаршуда пешкаш карда мешавад.    
Аз тамоми шаҳрвандоне, ки оид ба ҳодисаи куштор ва шахсияти ҷинояткорони дар он дастдошта маълумот доранд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба мақомоти милитсия бо телефонҳои 02, 102, 221-21-21, 221-15-00.хабар расонанд.
Касе, ки дар бораи гунаҳгорони ин ҷиноят ва ҷои пинҳоншавии онҳо маълумоти дақиқ медиҳад, соҳиби 10 000 доллари амрикоӣ мешавад. Шахсияти нафари маълумотдода пинҳон нигоҳ дошта мешавад.

Ноябрь 9, 2015 04:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид