1000 гектар замини лалмии Шаҳристон обёрӣ мешавад
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).- «Дар ояндаи наздик 1000 гектар заминҳои лалмии ноҳияи Шаҳристон обёрӣ мешаванд, ки ин боиси бо кор таъмин гардидани сокинон хоҳад шуд», — мужда расонд раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари кории худ ба ноҳияи Шаҳристон. А. Қодирӣ дар ин ноҳия якчанд иншоотро мавриди истифода қарор дод. Аз ҷумла, роҳи мошингарди марказии ноҳия, ки 4 километрро дар бар мегирад ва бо харҷи 5 миллион сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шудааст.
Дар суҳбат бо сокинони ин ноҳия раиси вилоят дастур дод, ки минбаъд ба корҳои таъмиру навсозии роҳҳо дар ноҳия, бахусус дар сатҳи ҷамоатҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Дар аснои суҳбат раиси вилоят ба сокинони ноҳия иттилоъ дод, ки бунёди Қасри фарҳанг низ дар назар аст.
Раиси вилоят ба сокинони ноҳияи Шаҳристон тавсия дод, ки дар оянда анъанаи пешина, яъне сафедоршинониро эҳё намоянд, зеро обу ҳавои ин ҷо барои парвариши сафедор хеле мувофиқанд. Раиси вилоят инчунин дар мавриди зиёд намудани майдони боғҳо, эҳёи анъанаҳои гузаштагон ва дигар корҳои созандагӣ таваҷҷуҳ намуда, сокинонро даъват кард, ки дар корҳои ободонӣ фаъол бошанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






