Қадамҳои устувори Кумитаи ҷавонон дар самти пешгирии хариду фурӯши одамон
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ “Ховар”). -19 ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳфили минтақавии ҷавонон оид ба пешгирии хариду фурўши одамон дар доираи маблағҳои «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» таъсис дода шуд.
Дар вазъияти имрўза таъсис додани чунин маҳфилҳо метавонад заминаи мусоидеро барои дастрасии иттилооти муфиду саривақтӣ ба ҷомеа, алалхусус ҷавонон муҳайё гардонад.
Дар маҳфил муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло, муовини раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Хуршед Сатторзода бо аъзои маҳфил суҳбат ороста, оид ба мақсад, вазифаҳо, самтҳои фаъолият ва дурнамои маҳфил ба ҷавонон маълумот дода, нақши онҳоро оид дар кори маълумотнок гардонидани ҳамсолонашон баланд арзёбӣ карданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






