Ҳайати шахсии ВКД барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ шарафмандона заҳмат мекашад
Душанбе, 9.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Пагоҳ, 10-уми ноябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бахшида ба Рӯзи милитсия чорабинии калони фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар чорабинӣ тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор иштирок менамоянд.
Воқеан ин касби пурифтихор аз ҳар як корманди милитсия устувориву иродаи қавӣ, дасту дили пок ва садоқат ба халқу Ватанро тақозо менамояд.
Давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфуз, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизмати ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи мунтазам зоҳир менамоянд.
Тавре ки ба ҳама маълум аст, соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон барои мо сарвати гаронбаҳотарин маҳсуб мшавад, зеро он таҷассумгари орзуву умеди чандинасраи халқи тоҷик мебошад.
Кормандони милитсия ҷиҳати барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи сиёсӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шуҷоатмандиву далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми арзанда гузоштаанд.
Итминони комил дорем, ки ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҷомеа минбаъд низ шарафмандона захмат кашида, донишу малака ва таҷрибаву маҳорати касбии худро мунтазам такмилу тақвият мебахшанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






