Айнӣ: Номгузории муассисаи таълимӣ ба номи корманди ВКД Алибой Идиев
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).-8-уми ноябр дар мактаби таҳсилоти умумии №57-и ноҳияи Айнӣ маросими номгузории ин муассисаи таълимӣ ба номи корманди Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи ВКД, майори милитсия Алибой Идиев сурат гирифт.
Дар ҷамъомад муовини вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром, раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода, намояндагони шуъбаи маориф ва пайвандони шодравон Алибой Идиев иштирок карданд.
Умарзода Икром аз саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ибрози назар карда, аз корнамоии корманди Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи ВКД, майори милитсия Алибой Идиев, ки дар ҳодисаҳои моҳи сентябр ҳангоми иштирок дар муқовимати мусаллаҳона бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ҳалок гардид.
Раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода зикр намуд, ки мо ҳаргиз Алибой Идиевро, ки барои ҳифзи Ватан ва давлату миллат ҷон нисор намуд, фаромӯш намесозем.
Дар чорабинӣ омӯзгорону ҳамсинфон ва дӯстону наздикони Алибой Идиев хотираҳои худро аз рӯзгори ӯ, ки замоне дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил карда буд, ёдовар шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ВКД Ҷалолиддини Садриддин хабар дод.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






