Ҷаласа оид ба масоили зимистонгузаронӣ дар ҳузури А. Иброҳим
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи ниҳоии ситоди сайёри ҷумҳуриявӣ оид ба баррасии масоили вобаста ба зимистонгузаронӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ доир гардид.
Вобаста ба масъалаи асосии рӯзномаи ҷаласа маълумоти муовинони соҳавии вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва роҳбарону муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шунида шуд.
Азим Иброҳим доир ба муҳимияти иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ҳарф зада, таъкид кард, ки новобаста ба пешниҳоди ҳисоботи ҷамъбастӣ оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои зимистонгузаронӣ аз ҷониби вазорату идораҳои алоҳидаи ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ва иҷрои бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳо, аз қабили захираи ангиштсанг ва дигар маводи сӯзишворӣ, захираи маҳсулоти кишоварзӣ, хӯроки чорво, таъмиру навсозии иншооти энергетикӣ, иншооти роҳу нақлиёт ва омодасозии иншооти таъйиноти маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ мувофиқ ба талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» таъмин карда нашудааст.
Оид ба масъалҳои омодагии иншооти шаҳри Душанбе ба қабули гармӣ аз марказҳои барқу гармидиҳӣ таъкид шуд, ки корҳои аввалиндараҷа дар ин самт анҷом ёфта, дар ноҳияҳои шаҳр ситодҳои зимистонгузаронӣ амал менамоянд ва баробари пайдо шудани мушкилот дар таъмини барқ ва гармӣ барои бартарафсозии он тадбирҳои бетаъхир андешида мешаванд.
Муовини Сарвазири мамлакат аз иштирокдорони машварат талаб кард, ки пеш аз ҳама дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш масъулиятшиносӣ нишон дода, таҳлилу омори масъалаҳои вобаста ба зимистонгузарониро дуруст ба роҳ монанд. Ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ вазифадор шуданд, ки дар расидагӣ ба мушкилоти мардум дар мавсими сармо фаъол буда, дар ин давра ташкил ва кори муназами иншооти асосии зимистонгузарониро таъмин намоянд. Қарор дода шуд, ки минбаъд ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зимистонгузаронӣ ва дар кадом сатҳ гузаронидани ҳар давраи тирамоҳу зимистон аз ҷониби масъулони соҳаҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамасола дар моҳи апрел натиҷагирӣ шуда, барои оянда нақшаву чорабиниҳои нав тарҳрезӣ мешаванд. Вобаста ба ин талабот аз намояндагони васоити ахбори оммаи мамлакат даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ва пешрафту камбудиҳои ҷойдоштаро дар ин самт воқеъбинона инъикос намоянд.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






