Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳузури А. Иброҳим

Ноябрь 16, 2015 06:44

Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 14 ноябри соли 2015 дар бинои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ҳузури  муовини  сарвазири  мамлакат  Азим  Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ  баргузор  гардид. 
Муовини сарвазири мамлакат дар ҷаласа таъкид кард, ки   ҳифзи сиҳатии аҳолӣ ва олами ҳайвоноту наботот дар баробари он, ки  вазифаи  аввалиндараҷаи  мақомоти  марбутаи давлатӣ ба ҳисоб  меравад,  ҳамчунин  дар ин самт  сохторҳои  хизматрасонии  таъмини  бехатарии  маҳсулоти   хӯрокворӣ  низ масъул  мебошанд. Вале дар  баъзе  ҳолатҳо новобаста ба ин,  санҷишҳои аз меъёр зиёд  ва  такроршавии  онҳо аз тарафи сохторҳои  гуногун  ба  пешрафти  кори  бахши  хизматрасонӣ  дар  ин  соҳа  таъсири  манфӣ  мерасонанд. Вобаста  ба  ин ҳолатҳо, аз ҷониби  Шӯрои ҳамоҳангсозӣ  зарур  шуморида  шуд, ки  дар занҷираи таъмини бехатарии  маҳсулоти хӯрокворӣ  ваколатҳои  сохторҳои таъминкунандаи  бехатарии  маҳсулоти   хӯрокворӣ  дақиқ муайян шуда,  бо ин тартиб  пеши  роҳи  такроршавии  санҷишҳо дар фаъолияти  ин сохторҳо гирифта шаванд. 
Дар ҷаласа муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ дод, ки  тибқи қарорҳои  қаблии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ масъалаи истифода гардидани равғани нахл, равғани узвҳои алоҳида  ва узвҳои дохилии  гову гӯсфанд ва пусти мурғи воридотшаванда, дар истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, хусусан дар истеҳсоли ҳасиб ва маҳсулоти ҳасибӣ  мавриди  санҷиши  ҳаматарафаи сохторҳои дахлдор қарор дода шуд ва  бинобар дар таркиби онҳо муайян  гардидани  хатари калони барангезандаи ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, воридоти ин намуди маҳсулот ба кишварамон манъ карда шуд. 
Муовини Сарвазири мамлакат  таъкид намуд, ки минбаъд дар нуқтаҳои  эҳтимолии  барангезандагони  бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла дар  мавзеи  забҳи  ҳайвоноти  хонагӣ  ва  истеҳсоли  намак аз ҷониби сохторҳои дахлдор бояд пайваста  корҳои пешгирӣ гузаронида шаванд. Мувофиқи  маълумоти оморӣ ҳоло дар қаламрави мамлакат  зиёда  аз  168  забҳхона  амал  мекунанд  ва  дар  сурати муайян гардидани  ягон  намуди  ангезандаи бемориҳо дар таркиби гӯшт, масалан  ангезандаи брутселёз, гӯшти  чорвои  забҳшуда  бояд танҳо барои коркарди  саноатӣ истифода  шавад. Дигар  омили  нигаронкунанда  ин  афзоиш  ёфтани бемории  ҷоғар  дар байни кӯдакону наврасон мебошад. 
Вобаста ба ҳолати афзоиши ин намуди беморӣ дар миёни аҳолӣ  супориши қатъӣ дода шуд, ки ҷараёни йодноккунии намак дар фаъолияти  корхонаҳои хурду бузурги давлатию хусусӣ, ки ба истеҳсоли намак машғул мебошанд, санҷида шуда,  дар кӯтоҳтарин фурсат аз   натиҷааш  ба  Шӯрои  ҳамоҳангсозӣ  гузориши муфассал пешниҳод  шавад. Дар робита ба ин  ҳамчунин зарур шуморида шуд, ки корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ дар васоити ахбори омма  аз ҷониби сохторҳои дахлдор васеъ  ба роҳ монда шаванд. 
Дар интиҳои ҷаласа бо мақсади тавсеа бахшидани корҳо дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷониби аъзои Шӯро нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои нимсолаи якуми соли 2016 тасдиқ шуд.

Ноябрь 16, 2015 06:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад