Ҳамоиш баҳри рушди устувори ҳунармандии тоҷик
Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 18-уми ноябри соли 2015 Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии Cesvi ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон (АМСХМТ) дар Маркази ҳунармандӣ ба муносибати Ҳафтаи соҳибкории ҷаҳонӣ бо дастгирии Палатаи савдои Амрико ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори ҳунармандии тоҷик ҳамоиш баргузор намуд.
Иқдоми мазкур, ки дар чорчӯбаи лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти Барномаи Осиёи Миёна Инвест III ва бо иштироки мақомоти давлатӣ, тарафҳои манфиатдори маҳаллӣ ва байналхалқӣ маблағгузорӣ шудааст, дастгирӣ гардид, Маркази нави ҳунармандиро дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, пешниҳод мекунад.
Ҳамоиш аз ҷониби Зулфия Давлатбекова — менеҷери барномаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Абдураҳмон Назирматов, раиси ИҲТ ва Ҷузеппе Бонати, директори Cesvi дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Ҳамоиши мазкур имконият фароҳам меорад, ки инкишофи ҷории бахшҳои ҳунармандии тоҷик, самтҳои афзалиятнок ва имкониятҳои аз ҷониби маркази нави ҳунармандӣ пешниҳодшуда муаррифӣ шаванд.
Аъзои ИҲТ, ба монанди ташкилоти ҷамъиятии “Чашма” аз Шаҳритус, “Озара” аз Хуҷанд ва “Де Памирӣ” аз Хоруғ нуқтаи назари хешро оид ба рушди бахши ҳунармандӣ дар Тоҷикистон матраҳ менамоянд.
Чорабинӣ ба таври расмӣ аз ҷониби ИҲТ дар Маркази ҳунармандӣ, ки дар он ҷо хонаи намоишӣ омода мешавад, ҷамъбаст мегардад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






