Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 ба кори худ оғоз мекунад
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Вазорати корҳои хориҷӣ имрӯз, 10 ноябр Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 таҳти шиори “Дастгирии татбиқшавӣ ва мониторинги Рўзномаи рушди устувор то соли 2030 дар минтақаи кишварҳо-аъзои СПЕКА”ва ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунанда дар СПЕКА дар ҳамоҳангӣ бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) ба кори худ оғоз мекунад.
(Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА/SPECA — United Nations Special Programme for the Economies of Central Asia) соли 1998 бо ташаббус ва ҷонибдории Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE- United Nations Economic Commission for Europe) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP- United Nations Economic and Social Commission for Asia and the Pacific) ва боз чор кишвари Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис шудааст. Баъдтар ба ин барнома Туркманистон, Озарбойҷон ва Афғонистон ҳамроҳ шуданд. Санади таъсисии СПЕКА — декларатсияи Тошканд мебошад, ки 26 марти соли 1998 аз ҷониби кишварҳои муассис ба имзо расонида шудааст.
Барномаи СПЕКА аз 7 кишвари аъзо- Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иборат аст.
Фаъолияти СПЕКА асосан барои инкишофи ҳамкории минтақавӣ дар иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шуда, дар ҷаласаҳои он раванди инкишофи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёт, обу энергетика ва технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ муҳокима мегарданд. Татбиқи Барномаи СПЕКА тавассути дастгирии кишварҳои кумакрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва дар асоси принсипи ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо назардошти равандҳои авлавиятноки ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои дахлдор, ҳар як кишвари аъзои СПЕКА дар чаҳорчӯби он гурӯҳҳои кории лоиҳавиро таъсис медиҳад ва ҳамоҳангсозию идораи лоиҳаҳои мушаххаси СПЕКА-ро ба амал мебарорад.
Дар доираи СПЕКА шаш гурӯҳи кории лоиҳавӣ оид ба захираҳои обию энергетикӣ, нақлиёт ва убури сарҳад, савдо, омор, рушди иқтисодиёт, масъалаҳои гендерӣ ва иқтисодиёт фаъолият мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси муовини вазири рушди иқтисод ва савдо раиси гурӯҳи кории лоиҳавии СПЕКА оид ба савдо мебошад.
Дар СПЕКА ҷойивазкунии кишварҳои раисикунанда пешбинӣ шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аъзои СПЕКА ба ҳайси кишвари раисикунанда барои соли 2015 муайян гардидааст. Кишваре, ки раёсати СПЕКА-ро бар уҳда мегирад, чун анъана, ҷаласаи солонаи Барномаи СПЕКА-ро дар ҳудуди худ баргузор менамояд.
Дар кори чорабиниҳои мазкур, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, зиёда аз 70 иштирокдор, аз ҷумла коршиносони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, инчунин корпуси дипломатӣ ва институтҳои байналмилалии молиявии муқими Душанбе ширкат меварзанд.
Дар доираи Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 баргузории панҷ ҷаласаи корӣ дар назар аст.
11 ноябр ҷаласаҳои Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 ва Шўрои роҳбарикунандаи он ба анҷом расида, дар асоси хулосабарорӣ тавсияҳои муҳими дахлдор ба Шўрои роҳбарикунандаи СПЕКА барои баррасӣ ва татбиқ пешниҳод мешаванд.