Артиши Сурия муҳосираи пойгоҳи ҳавопаймоии Квейрасро рахна кард

Ноябрь 11, 2015 04:55

Душанбе, 11.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Артиши  Сурия  муҳосираи  пойгоҳи  ҳавопаймоии Квейраси  наздикии  шаҳри  Алеппоро, ки  онро ҷангиёни  созмони  «Давлати  исломӣ» муддати  беш  аз  ду  сол муҳосира  намуда буданд,  рахна  кард. Дар  ин  бора  Агентии  AFP  хабар  дод.
Телевизиони  давлатии  Сурия  хабарро  дар  бораи рахна намудани ҳалқаи  муҳосира  тасдиқ кард. Сарбозону  афсарони  қӯшунҳои  ҳукуматӣ  вориди фурудгоҳ  шуда,  ба нишони  шодмонӣ  ба  ҳаво тир  холӣ  карданд.
Силоҳбадастони «Давлати исломӣ» фурудгоҳи  Квейрасро  муддати  беш  аз  ду  сол  муҳосира намуда буданд.  Онро қариб  800  нафар  хидматчиёни  ҳарбӣ  мудофиа  мекарданд.

Ноябрь 11, 2015 04:55

Хабарҳои дигари ин бахш