Қарзи маоши муҳоҷирони тоҷик пардохта шуд
Душанбе, 10.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират қарзи маоши муҳоҷирони меҳнатӣ баробари 1 миллиону 20 ҳазор рубл пардохта шуд. Сокини 34 — солаи шаҳри Панҷакент Шероз Фаёзов, ки дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск кор мекунад, ба унвони намояндагӣ дар бораи расонидани мадад барои пардохти қарзи маошаш ариза навишта буд.
Дар ариза гуфта мешавад, ки корхона бинобар вазъи мураккаби молиявӣ маоши семоҳаашро напардохтааст. Баъди муроҷиати намояндагии ҶТ дар ФР ба роҳбарияти ширкат қарзи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 20 ҳазор рубл пардохта шуд.
Бо мусоидати намояндагии ҶТ дар ФР тайи 10 моҳи соли равон қарзи маоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба маблағи 38 миллион рубл пардохта шуд, ки нзар ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






