Қарзи маоши муҳоҷирони тоҷик пардохта шуд

Ноябрь 10, 2015 06:23

Душанбе, 10.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Бо  мусоидати  намояндагии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва   шуғли  аҳолии  ҶТ дар  ФР  оид  ба  муҳоҷират  қарзи  маоши  муҳоҷирони  меҳнатӣ баробари 1 миллиону  20  ҳазор   рубл   пардохта  шуд. Сокини 34 — солаи  шаҳри  Панҷакент  Шероз Фаёзов, ки  дар  яке  аз  ширкатҳои  сохтмонии  шаҳри  Екатеринбурги  вилояти  Свердловск кор  мекунад, ба унвони намояндагӣ  дар  бораи  расонидани  мадад барои  пардохти  қарзи  маошаш ариза навишта буд.  
Дар  ариза  гуфта  мешавад, ки  корхона  бинобар  вазъи  мураккаби  молиявӣ  маоши  семоҳаашро  напардохтааст. Баъди  муроҷиати   намояндагии ҶТ  дар  ФР  ба  роҳбарияти  ширкат  қарзи  муҳоҷирони  меҳнатӣ  дар  ҳаҷми 1  миллиону 20  ҳазор   рубл  пардохта шуд.
Бо  мусоидати  намояндагии  ҶТ  дар  ФР тайи  10  моҳи  соли  равон  қарзи  маоши  муҳоҷирони  меҳнатии  тоҷик ба  маблағи  38  миллион  рубл  пардохта шуд, ки  нзар  ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта  ду баробар  зиёд  аст.

 

Ноябрь 10, 2015 06:23

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд