Ассошиэ́йтед Пресс: «Покистону Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, мудофиа ва савдо ба мувофиқа расиданд»
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон дар расонаҳои дохилии ин кишвар фарох инъикос ёфта, дар онҳо масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб ва дар маҷмӯъ барои минтақа муҳим дарҷ гардидаанд. Сомонаи расмии Ассошиэ́йтед Пресси Покистон (АПП) интишор кардааст: «Покистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории қавитар дар соҳаҳои энергетика, мудофиа ва савдо ба мувофиқа расиданд, ки он дар густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар мусоидат менамояд».
Ҳамчунин АПП дар сомонаи худ мақолае бо номи “Maмнун Ҳусейн ва Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории Покистону Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ба мувофиқа омаданд»-ро мунташир кардааст, ки муҳтавои он чунин аст: «Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Покистону Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду кишвари бародар ба мувофиқа расиданд».
«Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот роҳҳои таҳкиму густариши минбаъдаи муносиботи дуҷониба, махсусан дар соҳаҳои савдо, энергетика ва алоқаро мавриди баррасӣ қарор доданд», — омадааст дар ВАО-и Покистон.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






