Аз ҷумлаи беш аз 2 ҳазор корхонаи саноатӣ 309 — тоаш кор намекунад

Ноябрь 19, 2015 05:27

Душанбе, 19.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайи  10  моҳи  соли равон  корхонаҳои  саноатии  Тоҷикистон  ба  маблағи  9  миллиарду  586  миллиону 700  ҳазор  сомонӣ  маҳсулот  истеҳсол  намудаанд, ки   назар  ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта  баробари  12  фоиз  зиёд  аст. 
Тавре  ки  Агентии омори  назди Президенти  ҶТ хабар  медиҳад,  дар  ин муддат аз  ҷумлаи 2040  корхонаи  саноатӣ  309 — тоаш, аз  ҷумла  80  корхонаи  хурд  кор  накарданд. Корхонаҳои  Вазорати  саноат  ва технологияҳои нав ба  маблағи 3  миллиарду  372  миллиону  300  ҳазор  сомонӣ ва корхонаҳои  Вазорати энергетика  ва захираҳои об ба  маблғи  1  миллиарду 584  миллиону 100  ҳазор  сомонӣ  маҳсулот  тавлид  намудаанд.

Ноябрь 19, 2015 05:27

Хабарҳои дигари ин бахш