Ба ҳалокат расидани пиёдагард дар садамаи нақлиётӣ

Ноябрь 12, 2015 11:00

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 10 ноябри 2015 ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 21-солаи ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Фирдавсӣ аз тарафи кӯчаи Борбад ба самти кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард, сокини 50-солаи ноҳияи Темурмаликро пахш намудааст. 
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ноябрь 12, 2015 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш