Ба боғдорон бунёди боғҳои интенсивиро меомӯзонанд
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Исфара аз ҷониби ходимони илмии Институти боғпарварӣ дар ҳузури роҳбарияти сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд бо мутасаддиёни бахши кишоварзии ҷамоатҳои деҳот ва беш аз 100 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонии самти фаъолияташон боғдорӣ машварати корӣ гузаронида шуд.
Семинари мазкур ҷиҳати бозомӯзии назариявию амалии коркарди агротехникии боғот, башаклдарорӣ, коркарди кимиёвӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ ва фаҳмонидани афзалияти онҳо доир шуд.
Дар қисмати назариявии семинар олимон ба иштирокдорон вобаста ба тарзи буридан ва муҳлатҳои буридани шохи дарахтон, бунёди боғҳои интенсивӣ, коркарди кимиёвии боғот ва муҳлатҳои ин амал маълумоти васеъ ва фарогир доданд ва ба суолҳои сершумори боғпарварон ҷавобҳои саҳеҳ гардониданд.
Дар қисмати дуюми машварат корҳои марбут ба тарзи буридани боғот, коркарди кимиёвии он ва тарзи дурусти шинонидани ниҳолҳо дар амал намоиш дода шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳоло дар шаҳру деҳоти Исфара 12 ҳазору 12 гектар боғҳои мева мавҷуд буда, аз он 10 ҳазору 658 гектарашро боғи меваи донакдор ва 1353 гектарашро боғи меваи тухмдор ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар Исфара 393 гектар ангурзор мавҷуд аст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






