Бадахшон: Парчами миллӣ сари баланди тоҷикон аст!
Хоруғ, 24.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Созандагони Ватан» дар Мактаби президентии шаҳри Хоруғ ва Кохи ҷавонони вилояти Бадахшон бахшида ба ҷашни Парчами миллӣ ҳамоиш доир гардид. Дар он толибилмони мактаб ва ҷавонони шаҳри Хоруғ иштирок намуда, дар васфи ин дирафши серангаи миллат ибрози сухан карданд. Шеъру маърӯзаҳо перомуни ин рамзҳои муқаддаси миллӣ баён гардиданд. Арамбегим Маҳтобшоева, директори мактаби президентӣ гуфт, ки: «Парчам бузургтарин нишони давлат ва ифодакунандаи ҳастии он мебошад ва метавон гуфт, ки парчам сари баланди ҳар як тоҷики рӯи замин аст».
Ҳамчунин шоир Ҷонибек Қозибеков дар Тоҷикистон зимни ибрози сухан гуфт, ки: «Парчами миллӣ рамзи ғолибият, муаррификунанди ҳастии ҳар халқияту миллату давлат мебошад. Парчам талқинкунандаи андешаи миллист».
Озмунҳое, ки вобаста ба Парчами миллӣ дар вилояти Бадахшон пешакӣ эълон гардида буданд, ҷамъбаст шуда, ба ғолибон туҳфаҳо супорида шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






