Бадахшон: Сафари гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади тарғиби сайёҳӣ
Душанбе, 9.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз 30 октябр то 8 ноябри соли 2015 дар доираи баргузории силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, суҳбату мулоқот, чорабиниҳои варзишӣ ва муаррифии имкониятҳои туристӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафар намуд.
Дар доираи ин сафар аз ҷониби Барномаи «Сарзамини беназир»-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон хатсайрҳои туристӣ ва имконияту захираҳои бойи туризми дохилӣ ба навор гирифта мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки дар робита ба ин 3 ноябри соли 2015 дар шаҳри Хоруғ Конфронси минтақавӣ оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии туризм дар ВМКБ бо иштироки намояндагони туризми ҷумҳурӣ, коршиносон ва ширкатҳои пешқадами сайёҳӣ баргузор гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






