Баргузории дувумин даври музокироти байналмилалӣ дар мавриди буҳрони Сурия
Душанбе, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дувумин даври музокироти байналмилалӣ дар мавриди буҳрони Сурия бо ҳузури 20 кишвари байналмилалӣ дар Вена, пойтахти Австрия бо қироати баёнияе ба поён расид.
Ҷон Керри, вазири корҳои хориҷии Амрико пас аз хотимаи нишасти Вена гуфт, дигар кишварҳои ширкаткунанда дар музокироти Сурия мегӯянд, Башор Асад, раиси Ҷумҳурии Сурия барои мушорикат дар «музокираи воқеӣ» омодааст. Керри ҳамчунин гуфт, ки оташбас дар Сурия шомили гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумлаи ДИИШ ва «Ҷабҳатуннусра» нахоҳад шуд. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия низ гуфт, Истаф Димишуро, фиристодаи махсуси Созмони милал дар Сурия, дар бораи ин мавзӯъ, ки кадом гурўҳи суриягӣ дар музокироти ояндаи Сурия намоянда дошта бошад, тасмимгирӣ хоҳад кард. Лавров ҳамчунин гуфт, тамоми қудратҳои ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ бо якдигар барои мубориза бо гурӯҳи ДИИШ афзоиш ёфтааст. Вазири корҳои хориҷаи Русия дар нишасти хабарӣ, ки пас аз иҷлосияи Вена баргузор шуд, гуфт: «Имрўз ман ҷаласаҳои дуҷониба доштам ва эҳсос мекунам фаҳми рӯ ба рушдӣ барои эҷоди як эътилофи байналмилалии коромад барои мубориза бо ДИИШ вуҷуд дорад». Вазири корҳои хориҷии Олмон низ ба хабарнигорон гуфт, ки кишварҳои ширкаткунанда дар ин нишасти якрўза тасмим доранд фавран музокира бо гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурияро оғоз кунанд. Фронко Валтер Эштон Моер афзуд, кишвари ширкаткунандаи хостори баргузарии интихобот дар 18 моҳи оянда дар Сурия ҳастанд, аммо маълум нест музокироти пешорўӣ то чӣ андоза душвор бошад Федерико Мугернӣ, раиси сиёсати хориҷии иттиҳодияи Аврупо пас аз хотимаи нишасти Вена ин музокироти байналмилалиро «хуб» арзёбӣ кард. Вай иброз дошт, ки акнун метавон фароянди дастёбӣ ба як тавофуқ барои буҳрони Сурияро оғоз кард. Дар ин ҳол Одил Алҷубайр, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саъудӣ бо поён ёфтани нишасти Вена эълом кард, ки Риёз аз раванди сиёсӣ ҳимоят хоҳад кард ки ба канорагирии Башор Асад хотима ёбад ва дар ғайри ин сурат ба ҳимояти худ аз мухолифони давлати Сурия идома хоҳад дод.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






