Беморхонаи минтақавии мубориза бо бемориҳои сили Деҳмой дар хизмати беморон
Душанбе, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ҷараёни омодасозии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дирӯз, 27 ноябр раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар корҳои таъмиру барқарорсозии Беморхонаи минтақавии мубориза бо бемориҳои сили Деҳмой мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Кисми асосии беморхона бо сабаби таъмирталаб гардидан соли 2010 аз фаъолият бозмонда буд. Соли 2014 Ҳукумати мамлакат бо дастгирии молиявии Бонки рушди Олмон ба маблағи 27 миллион сомонӣ лоиҳаи барқарорсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани беморхонаро роҳандозӣ намуд. Беморхона соли 1971 таъсис ёфта, навсозии он дар доираи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» амалӣ мешавад. Беморхона барои табобати 200 бемор пешбинӣ шуда, дар он 18 духтури соҳибихтисос ба муҳтоҷони табобат хизмат мерасонад.
Дар ҷамоати деҳоти Деҳмой ҳамчунин маркази нави иҷтимоию таълимӣ қомат хоҳад афрохт. Марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, аз боғчаи кӯдакона, мактаб ва дигар иншооти таълимию тарбиявӣ иборат хоҳад буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






