БМТ: Ҳангоми анҷом додани амалиёти бонкӣ монеаҳои сунъӣ бардошта шаванд

Ноябрь 2, 2015 04:04

Душанбе, 2.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 30 октябри соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо масъулини идораҳои амалиётии бонкҳои кишвар мулоқот намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки  бо вуҷуди он ки дар нӯҳ моҳи соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми амонатҳои ҷалбшудаи аҳолӣ, бақияи умумии қарзҳо дар ташкилоти қарзӣ мутаносибан ба андозаи 30 фоиз ва 24 фоиз зиёд шудаанд, шумораи арзу шикоятҳои мардум оид ба паст будани сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ, аз ҷониби кормандони бонкҳо эҷод кардани монеаҳои сунъӣ ҳангоми кор бо муштариён ба Бонки миллӣ ворид мешаванд. Ҳол он ки ҳанӯз, 5 майи соли ҷорӣ дастури Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани қабули пурраю бе мамонияти пасандозу амонатҳои аҳолӣ ва таъмини сифати баланди хизматрасонӣ ба ташкилоти қарзӣ ирсол гардид.
Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои бонкӣ ва беҳтар анҷом додани амалиёт бо асъори хориҷӣ дар айни  замон  дастури иловагии Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шуда истодааст ва он дар рӯзҳои наздик ба ташкилоти қарзӣ ирсол мегардад. 
Дар ҷаласа ҳамчунин дар бораи дастури нави Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди аз ҷониби ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ мустақилона муқаррар шудани қурби харид ва фурӯши доллари нақди ИМА сухан рафт. Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз намояндагони ташкилоти қарзӣ талаб намуд, ки қурби харид ва фурӯши доллари нақди ИМА бо назардошти вазъи бозори дохилӣ ва мақсаду вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлат дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар ва амалӣ намоянд.
Бо мақсади таъмини суботи молиявӣ, бовари аҳолӣ ба низоми бонкӣ, қонуният ва роҳ надодан ба ҳолатҳои дахолати беасос ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ дар шароити буҳрони иқтисодӣ,   аз ташкилоти қарзӣ ҳангоми санҷиши онҳо аз ҷониби мақомоти назоратӣ, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, риояи қатъии талаботи моддаи 48 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” (оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, маълумот ва маводи дорои сирри бонкӣ) талаб  мешавад.

Ноябрь 2, 2015 04:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад