Боз як дастоварди ДДЗТ дар соли хониши 2015-2016
Душанбе, 30.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Аз ибтидои соли таҳсили 2015 — 2016 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯёну омӯзгорони донишкада бо якчанд муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Аз ҷумла, 27 ноябри соли равон масъулини Донишгоҳи Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Сао Пенгбо ва Янг Ҳонгҷиан барои ба имзо расонидани созишнома бо ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Қосимзода Идигул Тағо мулоқот намуда, оид ба табодули донишҷӯён, магистрҳо ва омӯзгорон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар асоси созишномаи мазкур донишҷӯён, магистрҳо ва омӯзгорони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода метавонанд барои такмили ихтисос ба Донишгоҳи Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар шаванд ва ҳамзамон донишҷӯён, магистрҳо ва омӯзорони Донишгоҳи Синзиян ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф оварда, такмили ихтисос намоянд.
Тарафайн умед бар он доранд, ки дар натиҷаи самаранок ба роҳ мондани созишномаи мазкур мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос баҳри пешрафти ду кишвар хидматҳои шоистаро анҷом медиҳанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






