Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ
Душанбе, 09.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 7 ноябри соли равон дар арафаи таҷлили Рӯзи милитсия вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон рафта, бо корҳои ободонию созандагии шуъбаи мазкур аз наздик шиносо шуд. Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар як муддати кӯтоҳ бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли ҷамъият аз таъмири пурра бароварда шуда, бо тамоми шароитҳои зарурии хизмати ҳайати шахсӣ таъмин гардидааст.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳайати шахсии шуъбаи мазкур вохӯрда, онҳоро бо Рӯзи милитсия самимона табрик карда, дар кори пурмасъулияташон бурдбориҳо таманно намуданд ва аз утоқҳои кории кормандон, қисми навбатдорӣ, толори маҷлис, майдонча ва толори варзишӣ, майдончаи сафороӣ, мошинсарой, ҳаммоми замонавӣ дидан намуданд.
Пас аз боздиди ШВКД, Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар ҳайати расмӣ ба варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рафта, дар даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар идораҳои давлатии вилояти Хатлон ширкат карданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






