Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ

Ноябрь 9, 2015 04:42

Душанбе, 09.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 7 ноябри соли равон  дар арафаи таҷлили Рӯзи милитсия вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон  рафта, бо корҳои ободонию созандагии шуъбаи мазкур аз наздик шиносо шуд. Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар як муддати кӯтоҳ бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли ҷамъият аз таъмири пурра бароварда шуда, бо тамоми шароитҳои зарурии хизмати ҳайати шахсӣ таъмин гардидааст.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳайати шахсии шуъбаи мазкур вохӯрда, онҳоро бо Рӯзи милитсия  самимона табрик карда, дар кори пурмасъулияташон бурдбориҳо таманно намуданд ва аз утоқҳои кории кормандон, қисми навбатдорӣ, толори маҷлис, майдонча ва толори варзишӣ, майдончаи сафороӣ, мошинсарой, ҳаммоми замонавӣ дидан намуданд.
Пас аз боздиди ШВКД, Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар ҳайати расмӣ ба варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рафта, дар даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар идораҳои давлатии вилояти Хатлон ширкат карданд.

 

Ноябрь 9, 2015 04:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид