Чаро дар Хуҷанд фаъолияти ду толори варзиши боздошта шуд?
Суғд, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд аз ҷониби мақомоти дахлдор фаъолияти ду толори варзишӣ боздошта шуд. Ин нукта зимни баргузории мулоқоти судманд бо иштироки роҳбарон ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, намояндагони дин ва варзишгарони шаҳри Хуҷанд, зикр ёфт.
Ба иттилои Эмин Ҷалилов, сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, сабаби асосии баста шудани фаъолияти ин варзишгоҳҳо риоя нашудани талаботи низомномавӣ, аз ҷумла ба миён омадани низову муноқиша байни варзишгарон мебошад.
Ба гуфти мавсуф, агар муноқишаву нофаҳмӣ байни варзишгарон як тарафи масъала бошад, пас шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва минҷумла, ҷиноятсодиркунӣ аз тарафи онон, кормандони мақомоти қудратиро бештар ба ташвиш овардааст. Ба иттилои манбаъ, танҳо дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд агар 134 ҷавон даст ба ҷиноят зада бошанд, пас пайвастшавии онҳо ба гурӯҳи ифротгароии ба ном “Давлати исломӣ” муаммои дигарест.
Шодиҷон Тӯраев, сардори мақомоти амнияти миллӣ дар шаҳри Хуҷанд баён дошт, ки тӯли даҳ соли ахир шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва содиршавии ҷиноят аз тарафи ҷавонон афзудааст. Аз ҷумла, ӯ аз ташкили равияҳои гуногун, намуди зоҳирии баъзе аз ҷавонон ва бегонапарастии онҳо, хосатан, пӯшидани либосҳои бегона, ки худ як намунаи иғвоандозӣ байни ҷомеа аст, изҳори нигаронӣ кард. Шодиҷон Тӯраев гуфт, ки ҳадафи вохӯрии имрӯза- ин пеш аз ҳама пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, аз қабили ҳизбу ҳаракатҳои терористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ ва ба ин васила тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои масъулин, вақтҳои охир дар толорҳои варзишии шаҳри Хуҷанд, хосатан байни варзишгарон амалҳои ғайриқонунӣ, чун низоъ зиёд шудааст ва дар сурати идомаи чунин кирдорҳо толорҳои варзишӣ баста шуда, нисбат ба чунин нафарон чораҳои зарурӣ дида мешаванд.
Бояд гуфт, ки алъон дар Хуҷанд 4000 варзишгар буда, онҳо аз рӯи 26 намуди варзиш дар 31 толор ва 200 майдони варзишӣ тамрин мекунанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






